Калисои Сирани Мор Афрам (Mor Ephrem Syriac) нахустин калисои сохта шуда дар Туркия пас аз соли 1923 ва эъломи низоми ҷумҳурӣ, рӯзи гузашта якшанбе тавассути Эрдуғон раисҷумҳури ин кишвар ифтитоҳ шуд.
Ифтитоҳи калисои ортодокс Сирани Мор Афрам ба унвони як лаҳзаи муҳимми фарҳангӣ ва сиёсӣ барои Туркия ва шахси Эрдуғон талаққӣ мешавад.
Эрдуғон дар тӯли ду даҳа ҳукумати худ ба далели табдили калисоҳои қадимӣ ба масҷид мавриди интиқод қарор гирифтааст. Вай дар соли 2019 куланги сохти ин клисоро ба замин зад. Акнун ин калисо маҳалли ибодат барои 17 ҳазор масеҳии Ошурии сокини Истамбул хоҳад буд.
Эрдуғон бо ишора ба ҷанги ҳамаҷониба байни Исроил ва муқовимати Фаластин дар Ғазза гуфт: мо имрӯз шоҳиди мушкилоти бузурге дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон ҳастем. Вай афзуд: аммо ҳамбастге, ки имрӯз дар инҷо нишон дода шуд бисёр муҳим медонам. Вай таъкид кард: ҳамеша аз мазлум дар баробари золим ҳимоят мекунем, ин вазифаи мост.
Куланги сохти калисои ортодокси Истамбул дар соли 2019 тайи маросиме бо ҳузури Эрдуғон бар замин зада шуд. Ин калисо дар маҳаллаи Ешил Куй минтақаи Бакиркои Истамбул сохта шуда ва зарфияти ибодати 750 нафарро дорад.